ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 18, 2024 08:00

18 декабри соли 1998 дар Тоҷикистон аввалин интернет-провайдер ба кор даромад.

*** 

18 декабри соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд Фестивали байналмилалии телевизионии «Донак-2008» баргузор гардид.

***

18 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

***

18 декабри соли 2012 дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА раддабандии нави дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол эълон намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон зинаи 135-умро ишғол намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум пас аз суханрониҳо ва баррасии пурра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуд.

***

18 декабри соли 2018 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи моҳонаи давлатҳои аъзои Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид.

***

18 декабри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешида дар доираи Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гардид. Дар ин маросим  аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстию рафоқати сокинони Душанбе ба ҷониби Қаракӯли Қирғизистон, ки соли 2022 унвони пойтахти фарҳангии Иттиҳодро соҳиб гардид, туҳфаҳои рамзӣ ва хотиравӣ тақдим шуданд.

*** 

18 декабри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ширкати русӣ-  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид.

18 ДЕКАБР:

Рӯзи байналмилалии забони арабӣ

***

Дар Қатар – Рӯзи миллӣ.

***

Дар Нигер – Рӯзи ҷумҳурӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Қутбӣ Киром – соли 1932 — шоир, тарҷумон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1963)

Декабрь 18, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст