ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 20, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1993 Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.

***

20 декабри соли 2009 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон  дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масоили вобаста ба вазъи вақти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони мамлакат мулоқот намуданд.

***

Соли 2012 дар Душанбе бахшида ба «Соли варзиш ва тарзи солими зиндагӣ дар фазои ИДМ» намоишгоҳи суратҳо баргузор гардид.

***

20 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

20 декабри соли 2016 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2017-ро эълон намуд. Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари беҳтарин ҳисобида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

***

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи «Истеҳсоли Чин — Тоҷикистон 2017» доир шуд.

***

20 декабри соли 2018 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 73-юм лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии 190 давлати аъзои  Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда буд, якдилона қабул намуд.

***

20 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки занони  ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба оғози фаъолияти ҳунармандияшон гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузоштааст, дар нашрияи Агентии Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) USAID Tajikistan таҳти унвони «Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ» муаррифӣ шуданд.

20 ДЕКАБР:

Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон.

***

Дар Русия, Қирғизистон, Беларус – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

 Сафармуҳаммад Айюбӣ -соли 1945 — шоир, драманавис, Шоири халқии Тоҷикистон (1999), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995). Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

 

Декабрь 20, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст