ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
23 декабри соли 2008 дар иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таърихи қарз» қабул шуд.
***
23 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 вохӯрии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат баргузор гардид.
***
23 декабри соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзо ҳамоиши 11–уми сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.
***
23 декабри соли 2016 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири вақти кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба муносибати бо иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, номаи табрикӣ ворид гардид.
***
23 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Форуми «Гуфтугӯи миллатҳо-гуфтугӯи тамаддунҳо» доир шуд.
***
23 декабри соли 2019 суҳбати телефонӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев доир гардид. Ҳолати имрӯзаю дурнамои муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар тамоми ҷанбаҳои ҳамкорӣ ҷараёни рушди устувор касб намудаанд, мавзуи суҳбати сарони ду давлат қарор гирифт.
***
23 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Стратегияи фаъолгардонии нақши занон-омили рушди имконият» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он ҷамъбасти 10-солаи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, дигар сохторҳо ва таҳияи лоиҳаи нави ин Стратегия барои солҳои 2021-2030 баррасӣ гардид.
***
23 декабри соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чилу панҷ қонун ба имзо расонида шуд.
***
23 декабри соли 2022 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати мамлакат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» суханронӣ намуданд.
23 ДЕКАБР:
Дар Ҷопон — Рӯзи мавлуди император.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҷумъахон Сироҷов -соли 1953,— ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1989).