ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 24, 2024 08:00

24 декабри соли 2009 дар шаҳри Ӯш ҷаласаи навбатии дурӯзаи муштараки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии масъалаи ҳамкории ҳамаҷониба доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикистон ва  Чин- як оила» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

***

24 декабри соли 2015 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзиш ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Парлумони Тоҷикистон  Созишнома оид ба минтақаи савдои озодро, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2011 имзо шуда буд, тасдиқ намуд.

***

24 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони  соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019 баргузор гардид.

***

24 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари «СТОУН Сервис»-ро, ки калонтарин иншооти истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, ифтитоҳ намуданд.

***

24 декабри соли 2021 кумакҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Сангвор расонида шуданд.

***

24 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

ДАР ИН РӮЗ  ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муҳаммадалӣ Мадиброҳимов- соли 1934, олими соҳаи техника, профессор.

Декабрь 24, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст