ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 28, 2024 08:00

28 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» (Тоҷикистон), ширкати «Noble Resources Ltd» (Гонконг) ва «Det.AL Azeraluminium» (Озарбойҷон) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

28 декабри соли 2010 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино ва мушкилоти муосири фалсафа ва тиб» конфронси илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Конфронс ба муносибати 1030-солагии зодрӯзи олим ва файласуфи барҷастаи тоҷик, нобиғаи асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино баргузор шуд.

***

28 декабри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил»- ро имзо намуданд.

***

28 декабри соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020»-ро тасдиқ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

***

28 декабри соли 2020 дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО баргузор гардид.

***

28 декабри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.

***

28 декабри соли 2022 Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид.

 28 ДЕКАБР:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

***

Рӯзи байналмилалии кино.

***

Дар Озарбойҷон Рӯзи адвокатҳо.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Сайидалӣ Маъмур -соли  1944,- шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1972).

Декабрь 28, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, чоршанбе, 246-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст