ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
8 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IV Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир гардид.
***
8 декабри соли 2009 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи VII Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд.
***
8 декабри соли 2010 вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018, ки 18-19 август бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт баргузор гардида буд, сазовори медали нуқра- мукофоти байналмилалӣ дар соҳаи баргузориии чорабинӣ ва рӯйдодҳои маркетингии Осиёи Марказӣ («Event Awards Central Аsia») гардид.
***
8 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вохӯрии 11-уми солонаи муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
***
8 декабри соли 2022 ба муносибати таҷлили санаи муҳим- 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин бо Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, шинос шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
8 ДЕКАБР:
Рӯзи байналмилалии рассом.
***
Рӯзи Конститутсия дар Ҷумҳурии Узбекистон
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Мирзоватан Миров-соли 1949 — ҳунарпеша ва коргардони театр, сароянда, оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998). Ходими шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ (1987), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ (2006).