Тақвият ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар бахши обу энергетика баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақвият ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика имрӯз дар шаҳри Исломободи Покистон дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва роҳбари Департаменти рушди захираҳои обу энергетикаи Вазорати захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Саҷад Ғанӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад.
Ҷонибҳо аҳамияти татбиқи саривақтии лоиҳаи «CASA-1000»-ро махсусан таъкид намуда, онро пайвандгари воқеии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ унвон намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҳайати покистонӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват гардид .
Инчунин 12 декабр Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири федеролии хусусигардонӣ, Шурои сармоягузорӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Алим Хон мулоқот намуд. Ҷонибҳо маҷмуи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, барои густариш додани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамзамон ҳамсуҳбатон вобаста ба ҳамкории ояндадор, аз қабили сохтмони роҳҳои нақлиётӣ тавассути долони «Вахон», хатҳои интиқол, зиёд намудани парвозҳои мустақими Душанбе-Исломобод, ки ба манфиати ҷумҳуриҳо мебошанд, табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






