Тақвият ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар бахши обу энергетика баррасӣ гардид

Декабрь 13, 2024 13:56

ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақвият ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши обу энергетика имрӯз дар шаҳри Исломободи Покистон дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва роҳбари Департаменти рушди захираҳои обу энергетикаи Вазорати захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Покистон Саҷад Ғанӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад.

Ҷонибҳо аҳамияти татбиқи саривақтии лоиҳаи «CASA-1000»-ро махсусан таъкид намуда, онро пайвандгари воқеии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ унвон намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҳайати покистонӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба  ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват гардид .

Инчунин 12 декабр Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири федеролии хусусигардонӣ, Шурои сармоягузорӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Алим Хон  мулоқот намуд. Ҷонибҳо маҷмуи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, барои густариш додани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҳамзамон ҳамсуҳбатон вобаста ба ҳамкории ояндадор, аз қабили сохтмони роҳҳои нақлиётӣ тавассути долони «Вахон», хатҳои интиқол, зиёд намудани парвозҳои мустақими Душанбе-Исломобод, ки ба манфиати ҷумҳуриҳо мебошанд, табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2024 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
Султон Раҳимзода ба ҳайси муовини раиси Маҷлиси солонаи Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ интихоб гардид
Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст