Тарофаи «Диёр 55» тарофаи дӯстдоштаи муштариёни «Анор» шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 50 фоизи муштариёне, ки ба шабакаи оператори мобилии «Анор» пайваст мешаванд, тарофаи «Диёр 55»-ро интихоб менамоянд. Ин аз он дарак медиҳад, ки бисёр мизоҷони ширкат истифодабарандагони фаъоли интернет мебошанд.
Силсилаи навшудаи «Диёр»-ро «Анор» ҳанӯз дар оғози тирамоҳ амалӣ карда буд. Дар асоси таҳлили чуқури хоҳишҳои афзалиятноки муштариён тарофаҳо барои гурӯҳҳои мухталифи истифодабарандагон пешбинӣ карда шуданд. Ҳамин тавр, «Диёр 35» ва «Диёр 45» барои онҳое мувофиқ аст, ки дар умум интернетро кам истифода мебаранд, лекин гоҳ-гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд. «Диёр 15» интихоби беҳтарин барои нафароне аст, ки тариқи телефон зиёд суҳбат мекунанд. Лекин тарофаи аз ҳама серталаб тарофаи «Диёр 55» баромад. Аллакай дар оғози амалӣ намудани силсилатарофаҳо онро 25 фоиз муштариёни ба шабакаи «Анор» пайвастшаванда интихоб намуданд. Ҳоло ин ҳисса аз 50 фоиз зиёдтар шудааст.
Тарофаи «Диёр 55» бо пардохти абонентии 55 сомонӣ имкон медиҳад, ки 14 000 Мб трафик, ки 6 000 Мб-и он барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои WhatsApp, Telegram, Imo, «ВКонтакте», Instagram, Facebook ва Odnoklassniki нигаронида шудааст, истифода бурда шавад. Ба муштариён тарофаи белимити шабона аз соати 00:00 то 06:59 дастрас мебошад. Инчунин ба тарофа зангҳои ройгон дар дохили шабака ва 1 000 дақиқаи зангҳо ба рақамҳои операторони дигари Тоҷикистон дохил карда шудаанд.
Тарофа пайваста дар навоҳии Тоҷикистон маъруфият пайдо мекунад. Дар гирифтани маълумот оид ба он ба сокинон кормандони ширкати «Анор» кумак мерасонанд. Мушовирон ба ҷамоатҳои дурдаст омада, дар бораи тарофаҳои дастрасе, ки ба сарфакунии маблағи барои алоқа пардохтшаванда имконият медиҳанд ва инчунин дар бораи истифодаи бехатарии интернети мобилӣ ва замимаҳои муфид маълумот медиҳанд. Оператор ба нақша гирифтааст, ки чунин сафарҳоро дар ҳудуди ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил намояд.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






