Тарофаи «Диёр 55» тарофаи дӯстдоштаи муштариёни «Анор» шуд

Декабрь 5, 2024 09:31

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 50 фоизи  муштариёне, ки ба шабакаи оператори мобилии «Анор» пайваст мешаванд, тарофаи «Диёр 55»-ро интихоб менамоянд. Ин аз он дарак медиҳад, ки бисёр мизоҷони ширкат истифодабарандагони фаъоли интернет мебошанд.

Силсилаи навшудаи «Диёр»-ро «Анор» ҳанӯз дар оғози тирамоҳ амалӣ карда буд. Дар асоси таҳлили чуқури хоҳишҳои афзалиятноки муштариён тарофаҳо барои гурӯҳҳои мухталифи истифодабарандагон пешбинӣ карда шуданд. Ҳамин тавр, «Диёр 35» ва «Диёр 45» барои онҳое мувофиқ аст, ки дар умум интернетро кам истифода мебаранд, лекин гоҳ-гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд. «Диёр 15» интихоби беҳтарин барои нафароне аст, ки тариқи телефон зиёд суҳбат мекунанд. Лекин тарофаи аз ҳама серталаб тарофаи «Диёр 55» баромад. Аллакай дар оғози амалӣ намудани силсилатарофаҳо онро 25 фоиз муштариёни ба шабакаи «Анор» пайвастшаванда интихоб намуданд. Ҳоло ин ҳисса аз 50 фоиз  зиёдтар шудааст.

Тарофаи «Диёр 55» бо пардохти абонентии 55 сомонӣ имкон медиҳад, ки 14 000 Мб трафик, ки 6 000 Мб-и он барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои WhatsApp, Telegram, Imo, «ВКонтакте», Instagram, Facebook ва Odnoklassniki нигаронида шудааст, истифода бурда шавад. Ба муштариён тарофаи белимити шабона аз соати 00:00 то 06:59 дастрас мебошад. Инчунин ба тарофа зангҳои ройгон дар дохили шабака ва 1 000 дақиқаи зангҳо ба рақамҳои операторони дигари Тоҷикистон дохил карда шудаанд.

Тарофа пайваста дар навоҳии Тоҷикистон маъруфият пайдо мекунад. Дар гирифтани маълумот оид ба он ба сокинон кормандони ширкати «Анор» кумак мерасонанд. Мушовирон ба ҷамоатҳои дурдаст омада, дар бораи тарофаҳои дастрасе, ки ба сарфакунии маблағи барои алоқа пардохтшаванда имконият медиҳанд ва инчунин дар бораи истифодаи бехатарии интернети мобилӣ ва замимаҳои муфид маълумот медиҳанд. Оператор ба нақша гирифтааст, ки чунин сафарҳоро дар ҳудуди ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил намояд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Декабрь 5, 2024 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид