Тоҷикистон барои беҳтарин манзараҳои табиат дар Осиё дар Top Asia Corporate Ball 2024 соҳиби ҷоизаи бонуфуз гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дар чорабинии Top Asia Corporate Ball 2024 Тоҷикистон бо ҷоизаи бонуфузи сайёҳии «Мамлакати дорои манзараҳои беҳтарини табиат дар Осиё» сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин ҷоиза эътирофи байналмилалии манзараҳои афсонавии табиати Тоҷикистон, аз қабили кӯҳҳои Помир ва Фон, Искандаркӯл ва Қарoкӯл мебошад. Ҷомеаи сайёҳии Малайзия тамоюли Тоҷикистонро ба сайёҳии устувор ва ҳифзмуҳитӣ бобати муаррифии мамлакат ҳамчун макони пешсаф барои сайёҳии экологӣ баланд арзёбӣ намуд.
Ҷоиза ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ супорида шуд.
Маҷаллаи «Top 10 of Asia», ки яке аз бонуфузтарин нашрияҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба ҳисоб меравад, таҳқиқоти васеъ гузаронида, фикру андешаҳои сайёҳон ва мутахассисони соҳаи сайёҳиро ҷамъ оварда, ба чунин хулоса расид. Ин ҷоиза аз ҷолибияти рӯзафзуни Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои маъруф барои сайёҳӣ ва талошҳои мамлакат барои тарғиби мероси табиӣ ва фарҳангии он дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд






