Тоҷикистон ва Швейтсария омодагӣ ба Конфронси ҷонибҳои аҳдкунандаи Конвенсияи Женеваро баррасӣ намуданд

Декабрь 11, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,  намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи махсуси Ҳукумати Швейтсария оид ба Конфронси ҷонибҳои аҳдкунандаи Конвенсияи Женева Салман Бал баргузор гардид.

​Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба Конфронси дарпешистодаи ҷонибҳои аҳдкунандаи Конвенсияи Женева дар бораи ҳифзи аҳолии осоишта дар замони ҷанг, ҳамчунин атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

АКС: Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Декабрь 11, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид