25 январ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ДУШАНБЕ, 25.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии ин соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 декабри соли 2024 изҳор намуданд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар шудааст.
Вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховра» бо сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф зимни суҳбат дар ин мавзуъ чунин изҳори назар кард:
-Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад. Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мафҳуми васеъ ҳамчун маҷмуи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодии давлатӣ фаҳмида мешавад, ки ба бунёд намудани шароити арзандаи зиндагӣ, дастгирии таъминоти ҳаётӣ ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа равона карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат супориш доданд, ки «дар Тоҷикистон то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар маҷмуъ вогузор шудаанд, асосан тавассути тадбирҳо ва барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ, расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, хизматрасониҳои гуногуни дорои ҷанбаи иҷтимоӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ, татбиқи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ва ғайра амалӣ мешаванд.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, татбиқи ин ҳадафҳо имрӯз на танҳо ба ваколатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мансуб мебошад, балки иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳо ба дигар вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ мансуб буда, ба ҳамкории байналмилалӣ зич алоқаманд мебошад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Имрӯз дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 240 ташкилоту муассисаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 4484 нафар кормандон кор мекунанд.
То 1 январи соли 2025 дар сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҷмуъ 245 692 нафар шаҳрвандоне, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд ва 222 903 нафар шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат сабт шудаанд.
Давоми соли 2024 аз ҷониби мақомот дар умум ба 801 960 нафар шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, аз ҷумла ба 442 472 нафар кӯдакони гурӯҳҳои гуногуни осебпазир хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ расонида шудаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва хизматрасонӣ заминаҳо гузошта шуданд. Дастгириҳои давлатӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН – НАМУНАИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор гардид
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ конфронс доир шуд
Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳар як ҷавон аҳамияти бузург дорад
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Фарҳод Раҳимӣ: «Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун Пешвои сулҳпарвар ва раҳнамои ваҳдат ҷойгоҳ пайдо намудаанд»
Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ баргузор намуд
Таҷассум ва густариши сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат дар пасманзари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»






