25 январ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Январь 25, 2025 09:55

ДУШАНБЕ, 25.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии ин соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  28 декабри соли 2024  изҳор намуданд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 январ Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар шудааст.

Вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ хабарнигори АМИТ «Ховра» бо сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонзода ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф зимни суҳбат дар ин мавзуъ чунин изҳори назар кард:

-Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад. Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мафҳуми васеъ ҳамчун маҷмуи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодии давлатӣ фаҳмида мешавад, ки ба бунёд намудани шароити арзандаи зиндагӣ, дастгирии таъминоти ҳаётӣ ва таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа равона карда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  мамлакат супориш доданд, ки  «дар Тоҷикистон то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ бояд чораҷӯӣ карда шавад».

Ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар маҷмуъ вогузор шудаанд, асосан тавассути тадбирҳо ва барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ, расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, хизматрасониҳои гуногуни дорои ҷанбаи иҷтимоӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ, татбиқи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ва ғайра амалӣ мешаванд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, татбиқи ин ҳадафҳо имрӯз на танҳо ба ваколатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мансуб мебошад, балки иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳо ба дигар вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ мансуб буда, ба ҳамкории байналмилалӣ зич алоқаманд мебошад.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Имрӯз дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 240 ташкилоту муассисаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 4484 нафар кормандон кор мекунанд.

То 1 январи соли 2025 дар сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маҷмуъ 245 692 нафар шаҳрвандоне, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд ва 222 903 нафар шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат сабт шудаанд.

Давоми соли 2024 аз ҷониби мақомот дар умум ба 801 960 нафар шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, аз ҷумла ба 442 472 нафар кӯдакони гурӯҳҳои гуногуни осебпазир хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ расонида шудаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва хизматрасонӣ заминаҳо гузошта шуданд. Дастгириҳои давлатӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 25, 2025 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба беш аз 11 ҳазор шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод гардид
«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз ҷониби мақомоти судӣ 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати адлия соли 2025 Платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба истифода медиҳад
Дар ноҳияи Қубодиён бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ ба истифода дода шуд
Шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳаҷми 101,9 миллион сомонӣ маснуоти саноатӣ истеҳсол намудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 дар Тоҷикистон беш аз 247 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Дар Тоҷикистон 37 фоизи олимон занон мебошанд
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор зан ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад