35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии дашти Дилварзин сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мастчоҳ.
Иншооте, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон ва дигар минтақаҳои он сохта мешаванд, барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон ва рушди инфрасохтор аҳамияти калон доранд.
Яке аз ин ишооти муҳим сохтмони бинои нави Беморхонаи марказии ноҳия мебошад, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ва меъёрҳои баландсифати сохтмонӣ амалӣ мегардад. Бинои мазкур бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуда, баъди ба истифода додани он сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба таври назаррас беҳтар мегардад. Иншооти нав дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Дар беморхона ҳамчунин барои қабули беморон 8 шуъба ва 250 кат пешбинӣ шудааст. Маблағгузори иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон – З» мебошад. Маблағи умумии иншооти сохташаванда қариб 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар шаҳраки Бӯстон ҳамзамон сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 идома дорад. Ин мактаб бо синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва инфрасохтори муосир барои таъмини шароити беҳтарини таълим ба хонандагон пешбинӣ шудааст. Мактаб метавонад шумораи зиёди хонандагонро қабул намуда, барои рушди соҳаи маориф дар ноҳия заминаи мустаҳкам фароҳам орад.
Дар маркази шаҳраки Бӯстон сохтмони хонаи истиқоматии бисёрқабата идома дорад. Ин бинои зебо ва муосир барои сокинони маҳаллӣ ҷойи зисти бароҳат ва дорои тамоми шароити заруриро пешниҳод мекунад. Лоиҳа бо назардошти талаботи сохтмонӣ ва экологии замонавӣ таҳия шудааст.
Татбиқи ин лоиҳаҳои сохтмонӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, балки ба рушди устувори ноҳия низ мусоидат мекунад. Мақомоти маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки ҳама иншоот дар муҳлати муайян ба истифода дода шуда, ҷашнҳои миллӣ бо руҳияи баланд таҷлил мегарданд.
Бо бунёди иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон шароити беҳтари зиндагӣ ва имконияти нав фароҳам оварда мешавад. Мардуми ноҳия ин ташаббусҳоро бо хушнудӣ истиқбол намуда, умед доранд, ки ҳама корҳои нақшавӣ сари вақт анҷом меёбанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






