35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад

Январь 13, 2025 10:56

ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ  бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии дашти Дилварзин  сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мастчоҳ.

Иншооте, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон ва дигар минтақаҳои он сохта мешаванд, барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон ва рушди инфрасохтор аҳамияти калон доранд.

Яке аз ин ишооти муҳим сохтмони бинои нави Беморхонаи марказии ноҳия мебошад, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ва меъёрҳои баландсифати сохтмонӣ амалӣ мегардад. Бинои мазкур  бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуда, баъди ба истифода додани он  сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба таври назаррас беҳтар мегардад. Иншооти нав дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар беморхона ҳамчунин барои қабули беморон 8 шуъба ва 250 кат пешбинӣ шудааст. Маблағгузори иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Сохтмон – З» мебошад. Маблағи умумии иншооти сохташаванда қариб 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳраки Бӯстон ҳамзамон сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 идома дорад. Ин мактаб бо синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва инфрасохтори муосир барои таъмини шароити беҳтарини таълим ба хонандагон пешбинӣ шудааст. Мактаб метавонад шумораи зиёди хонандагонро қабул намуда, барои рушди соҳаи маориф дар ноҳия заминаи мустаҳкам фароҳам орад.

Дар маркази шаҳраки Бӯстон сохтмони хонаи истиқоматии бисёрқабата идома дорад. Ин бинои зебо ва муосир барои сокинони маҳаллӣ ҷойи зисти бароҳат ва дорои тамоми шароити заруриро пешниҳод мекунад. Лоиҳа бо назардошти талаботи сохтмонӣ ва экологии замонавӣ таҳия шудааст.

Татбиқи ин лоиҳаҳои сохтмонӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, балки ба рушди устувори ноҳия низ мусоидат мекунад. Мақомоти маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки ҳама иншоот дар муҳлати муайян ба истифода дода шуда, ҷашнҳои миллӣ бо руҳияи баланд таҷлил мегарданд.

Бо бунёди иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон шароити беҳтари зиндагӣ ва имконияти нав фароҳам оварда мешавад. Мардуми ноҳия ин ташаббусҳоро бо хушнудӣ истиқбол намуда, умед доранд, ки ҳама корҳои нақшавӣ сари вақт анҷом меёбанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Январь 13, 2025 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд