35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ фермаи парандапарварӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Дашти Хушекати ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фермаи парандапарварӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.
Фермаи парандапарварӣ аз ҷониби соҳибкори деҳаи Хушекат Шарофқул Ҳасанов бунёд мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, соҳибкор нақша дорад дар ду бинои омодакарда 18 ҳазор мурғи гӯштӣ парвариш намояд.
Новобаста ба он ки парвариши мурғ нозукиҳои зиёд талаб мекунад, соҳибкор талош дорад шумораи онро ба таври муносиб зиёд карда, бо ин дар афзоиши истеҳсоли гӯшти паранда саҳм гузорад. Бо фаъол гардидани ферма, сокинони ноҳияи Айнӣ бо нархи дастрас бо гӯшти паранда таъмин мегарданд.
Бояд гуфт, ки таъсиси фермаи парандапарварӣ дар вазъияти имрӯза хеле муҳим буда, баъди ба кор даромадани он сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши доимӣ таъмин мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд






