35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ фермаи парандапарварӣ ба истифода дода мешавад

Январь 10, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Дашти Хушекати ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фермаи парандапарварӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Фермаи парандапарварӣ аз ҷониби соҳибкори деҳаи Хушекат Шарофқул Ҳасанов бунёд мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, соҳибкор нақша дорад дар ду бинои омодакарда 18 ҳазор мурғи гӯштӣ  парвариш намояд.

Новобаста ба он ки парвариши мурғ нозукиҳои зиёд талаб мекунад, соҳибкор талош дорад шумораи онро ба таври муносиб зиёд карда, бо ин дар афзоиши истеҳсоли гӯшти паранда саҳм гузорад. Бо фаъол гардидани ферма,  сокинони ноҳияи Айнӣ  бо нархи дастрас бо гӯшти паранда таъмин мегарданд.

Бояд гуфт, ки таъсиси фермаи парандапарварӣ  дар вазъияти имрӯза хеле муҳим буда, баъди ба кор даромадани он сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши доимӣ таъмин мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Январь 10, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд