35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон 100 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Январь 26, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бунёди беш аз 220 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ин марҳила беш аз 100 адади он мавриди истифода  қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Яке аз ин иншоот корхонаи «Беҳрӯз пласт» буда,  дар он зарф ва қуттиҳои пластикӣ истеҳсол мегарданд. Бо ин мақсад дастгоҳҳои муосир аз Чин ворид ва васлу насб карда мешаванд. Корхона аз коргоҳҳои  истеҳсоли плёнка, қолабрезӣ ва рангу бор иборат буда, зарф ва қуттиҳо бо шаклу андозаи гуногун истеҳсол мегарданд. Ашёи хом асосан аз Чин, Эрон ва Русия ворид шуда, маҳсулоти истеҳсолшаванда воридотивазкунанда мебошад. Бунёди чунин корхонаҳои муосири саноатӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.

Инчунин тасмим гирифта шудааст, ки дар шаҳри Бӯстон дар ҶДММ «Анқоинвест» коргоҳи забҳи паранда ва басту банди он ташкил шавад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ аз кишварҳои аврупоӣ ворид гардидаанд.

Баробари ба кор андохтани коргоҳ, ки ба таври автоматӣ ва тибқи талаботи замони муосир фаъолият мекунад, 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилоти Суғд

Январь 26, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид