35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Турсунзода 254 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 04.01.2025 /АМИТ«Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон бунёди 439 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки инҳо 14 иншооти саноатӣ, 80 иншооти соҳаи маориф, 33 иншооти соҳаи тандурустӣ, 31 иншооти варзишӣ, 79 маркази хизматрасонӣ ва савдо, 12 сардхонаю гармхона, таъмири 96,4 км роҳҳои мошингард дар 55 мавзеъ, таъмини оби нӯшокӣ дар 9 мавзеъ ва 117 иншооти таъйиноти гуногун мебошанд.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд мудири бахши сохтмон ва меъмории шаҳри Турсунзода Ҷамшед Зоирзода иброз дошт, то имрӯз 254 иншоот, аз ҷумла 42 иншоот дар соҳаи маориф, 22 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 14 иншооти варзишӣ, 47 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 10 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, таъмири роҳ дар 105,9 км дар 51 мавзеъ, сохтмони 5 пул, 6 сардхона, 2 гармхона, кашидани хати оби нӯшокӣ дар 7 мавзеъ ва 48 иншооти гуногуни дигар мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ба иттилои масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муассисаи томактабии №15 барои 48 нафар кӯдак, бинои иловагии Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, инчунин биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №30, 54, 68, 80, 103 ва 120 бо шумораи 62 синфхонаи иловагӣ ва 1488 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар 18 муассисаи таълимӣ бо муҳайё намудани 228 синфхона барои 5472 ҷойи нишаст идома доранд, ки дар муҳлати муайянгардида ба истифода дода мешаванд.
Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода таъмири пурра гардида, роҳҳои атрофи он мумфарш карда шуд. Ҳамчунин бинои иловагии Маркази саломатии деҳаи Чинор дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, бунгоҳи саломатии деҳаи Кубир дар Ҷамоати деҳоти Т.Туйчиев, бунгоҳи тиббии деҳаи С. Табаров аз нав таҷдид гардида, ба истифода дода шуданд. Ҳоло навсозии бинои маркази саломатии деҳаи Саркор идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






