Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 фоиз зиёд гардид

Январь 12, 2025 15:15

ДУШАНБЕ, 12.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 73,9 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  10,6 фоиз зиёд мебошад. Суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар муқоиса ба суръати рушди ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 1,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин хусус 10 январ зимни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 иброз намуданд, «нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019 ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст».

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои гуфташуда ба бозори истеъмолӣ бояд тамоми имкониятро барои рушди соҳаи кишоварзӣ равона намоем.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки имрӯз масъулин бояд барои тавсеа додани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, иҷрои дурнамои кишт, риояи агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа талош намоянд. Зеро тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмолию саноатӣ мусоидат мекунанд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 12, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»