Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ саҳми назаррас дорад
ДУШАНБЕ, 11.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки 18 сол аст ин мақомот дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти асосии бо ин зуҳуроти номатлуб муборизабаранда барои пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, сабабу шароити барои содир намудани онҳо мусоидаткунанда ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ фаъолияти пурсамар анҷом медиҳад.
Иброз гардид, ки таърихи таъсис ва ташаккули Агентӣ нишон медиҳад, ки барои фаъолияти самараноки ин мақомот, мустаҳкам намудани пояҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва таъминоти моддии он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешаванд.
«Кормандони Агентӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии мамлакат, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ ва пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ саҳми назаррас гузошта, дар ин ҷода ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд», — гуфта шуд дар ҷамъомад.
Дар идома мутахассисони ҷавоне, ки ба хизмат дар мақомоти Агентӣ қабул шудаанд, барои адои хизмати содиқона ба халқу Ватан савганд ёд намуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ низ ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабиниҳо баргузор карда шуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд






