АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 17 то 20 январ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад

Январь 17, 2025 09:26

ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 20 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, борон ва барф пешбинӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва дар водиҳо борон дар назар аст. Паст шудани ҳарорат ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Рашт-Лахш, Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хоруғ хатари фаромадани тарма, яхбандӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар вазъи номусоиди обу ҳаво сокинонро ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёткор бошанд.

Аммо тавре ба мушоҳида мерасад, новобаста аз огоҳии масъулин дар ин гуна рӯзҳои сард ва барфу борон ҳодисаҳои нохуш ба амал меоянд, ки ин аз беэътиноии сокинон дарак медиҳад.

Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум ва дигар корҳо худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин барои гарм нигоҳ доштани хонаҳои истиқоматӣ зимни  истифода аз гармкунакҳои барқӣ  ва бухориҳо эҳтиёткор бошанд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2025 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид