«АГРО ЛАБ». Дар вилояти Хатлон Маркази машваратӣ ва ташхисгоҳи кишоварзӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 23.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Маркази машваратӣ ва ташхисгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ – «АГРО ЛАБ» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
«АГРО ЛАБ» аввалин ташхисгоҳи кишоварзӣ дар вилоят буда, дар он таркиби хок, об ва касалиҳои растаниҳо ташхис карда мешавад. Дар ин марказ таҷҳизоти муосири рақамӣ ва мутахассисони баландихтисос фаъолият менамоянд. Марказ ба баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Маркази машваратӣ ва ташхисгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ «АГРО ЛАБ» аз панҷ бахш- ҳуҷраи мушовирон, ҳуҷраи қабули намунаҳо, ташхисгоҳи касалиҳои растаниҳо, ташхисгоҳи хок ва об, инчунин толори омӯзишу маҷлисҳо иборат мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон













РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд






