«АГРО ЛАБ». Дар вилояти Хатлон Маркази машваратӣ ва ташхисгоҳи кишоварзӣ ифтитоҳ ёфт

Январь 23, 2025 16:41

ДУШАНБЕ, 23.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Маркази машваратӣ ва ташхисгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ – «АГРО ЛАБ» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

«АГРО ЛАБ» аввалин ташхисгоҳи кишоварзӣ дар вилоят буда, дар он таркиби хок, об ва касалиҳои растаниҳо ташхис карда мешавад. Дар ин марказ таҷҳизоти муосири рақамӣ ва мутахассисони баландихтисос фаъолият менамоянд. Марказ ба баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Маркази машваратӣ ва ташхисгоҳи кишоварзии ҷумҳурӣ «АГРО ЛАБ»  аз панҷ бахш- ҳуҷраи мушовирон, ҳуҷраи қабули намунаҳо, ташхисгоҳи касалиҳои растаниҳо, ташхисгоҳи хок ва об, инчунин толори омӯзишу маҷлисҳо иборат мебошад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

 

 

Январь 23, 2025 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад