Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29-30 январ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат доир гардид. Дар ҳошияи он бо иштироки вазирони давлатҳои хориҷӣ ҳамоиш доир шуд, ки дар он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода дар мавзуи «Ҳалли масъалаи инноватсионӣ барои баланд бардоштани шуғли ҷавонон дар бозори меҳнат» суханронӣ намуд.
Тавре хабар дода мешавад, дар Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат масъалаҳои бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими бозори меҳнат, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ ва андешидани тадбирҳо барои бо ҷойи муносиби кор таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд, ки «то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ тадбирҳо андешида шаванд».
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ









Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






