«Анор» сокинони Душанберо хушҳол намуд

Январь 2, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нав оператори мобилии «Анор» барои сокинони Душанбе ҷашни солинавӣ ташкил намуд. Бобои барфӣ ва Барфак бо кабриолети бошукуҳ ба ҳар гӯшаи пойтахт равона гардида, сокинонро бо фарорасии соли нав табрик намуда, туҳфаҳо ҳадя карданд.

Ҷашн аз субҳи барвақт назди маркази савдои «Садбарг» оғоз ёфт ва дар майдони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ идома ёфт. Сипас ҷуфти сеҳргар ба дигар маконҳои маъруфи шаҳр – боғҳо, бозорҳо ва марказҳои тиҷоратӣ-фароғатӣ, аз ҷумла «Душанбе Молл» ва Сиёма Молл» раҳсипор шуд.

Ба сифати туҳфаҳо ширкат ширинию туҳфаҳои хотиравӣ, кулчақандҳои брендшуда дар шакли логотипи «Анор», кружкаҳо ва кружкаҳои гарминигоҳдоранда, сертификатҳо барои рақамҳои тиллоӣ, гӯшмонакҳо, дастгоҳҳои нерудиҳанда ва дигар туҳфаҳо омода намуд.

«Ҳадафи иқдом он буд, ки ба сокинону меҳмонони Душанбе табъи идона бахшем ва онҳоро ба фазои муъҷизаҳои солинавӣ ворид созем. Ва ин ба мо муяссар шуд, табассуму хурсандӣ ва суханҳои миннатдорӣ ҳамсафари Бобои барфӣ ва Барфак шуданд. Соли нав – ин  муддати кӯтоҳи муъҷизаҳост ва мо қарор кардем, сокинони Душанберо каме ҳам бошад ба олами муъҷизаҳо ворид созем. Чунин шакли иқдом барои ҷумҳурии мо хеле нодир аст. Мо мехостем, ки ҳар як нафаре, ки Бобои барфӣ ва Барфакро дар кӯчаҳои шаҳр вохӯрад, гармию ғамхориро эҳсос намояд. Ин ҷашн барои ҳамагон аст – аз хурд то калон. Одамон табассум мекарданд, моро пешвоз мегирифтанд ва дар ҷавоб бо фарорасии соли нав табрик менамуданд ва ин натиҷаи кори мо аст. Аз номи ширкати «Анор» ман мехоҳам ба ҳама сокинони ҷумҳурӣ муваффақият, беҳбудӣ ва дастовардҳои навро дар соли 2025 орзу намоям. Бигзор тарофаҳоятон ба шумо имкон диҳанд, ки дар соли нав ҳамеша бо азизонатон наздик бошед!»,- гуфт директори ширкати «Анор» Юрий Глушенко.

Оператори мобилии «Анор» муштариёни худро пайваста на танҳо бо алоқаи босифату тарофаҳои муфид, балки инчунин бо эҳсосоти хотирмон низ хушҳол месозад.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Январь 2, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд