Аз ҳавзаи якмандатии Исфара, №20 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

Январь 9, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Дар маҷлис  муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода дар бораи вазифаҳои ташкилоти ҳизбӣ барои тарғиб ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷанбаҳо ба дастовардҳои комил ноил гардида, ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон ҳаракат мекунад.

Дар маҷлис Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара таъсис дода шуда, Муҷибахон Ҷаъфарӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Исфара, №20  пешбарӣ гардид.

Иштирокдорони маҷлис ҳамзамон доир ба  вазифаҳои ташкилоти ҳизбӣ барои тарғиб ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуданд. Гуфта шуд, ки ташкилоти ҳизбӣ бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва оммавию сиёсиро оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, мавқеъ ва нақши байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти дохилӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, ки аз талаботи Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебароянд,  вусъат диҳанд.

Ҳамзамон доир ба барномаи пешазинтихоботии ҳизб барои солҳои 2025-2030 гуфта шуд, ки рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, дар таъмини ин ҳадафҳо ҳизб нақш ва саҳми мондагор дорад. Таъкид шуд, ки нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз роҳнамоӣ ва ғояҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, барномаю ҳадафҳои он дар тамоми гӯшаю канори мамлакат татбиқи босамар ёфтаанд.

2 марти соли равон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки  иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ масъулияти бузурги шаҳрвандӣ мебошад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуда буданд, баргузории маъракаи интихобот марҳилаи нави созандаро дар ҷодаи таҳкими истиқлолият, рушди гуногунандешию бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон фароҳам меорад.

 АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Январь 9, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод