Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади нави ҳамкорӣ табодул карда шуд.
Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади Ёддошти тафоҳум ҳалли мушкилоти миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба амнияти озуқаворӣ ва саломатии ҳарду ҷумҳурӣ таъсир мерасонанд, аз қабили бемориҳои эҳтимолии эпидемиявӣ, таҳияи усулҳои ташхис, таҳияи доруҳои самараноки шифобахши растанӣ, ошкор ва идоракунии ифлосшавии муҳити зист, манбаъҳои энергияи «сабз» ва барқароршаванда тавассути таҳқиқоти пешрафта дар биотехнология ва муҳандисии генетикӣ мебошад.
Инчунин санад ҳамкории ҷонибҳоро дар лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ дар соҳаҳои афзалиятноки биотехнология, мубодилаи олимон ва аспирантҳо, машваратҳои якҷоя, машғулияти кӯтоҳмуддати таълимӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои интиқоли технология ва тиҷорат ва ғайра ба танзим медарорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид






