Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Январь 17, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ табодул карда шуд.

Ёддошти тафоҳум байни  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи  муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати робитаҳои байналмилалии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади Ёддошти тафоҳум ҳалли мушкилоти миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба амнияти озуқаворӣ ва саломатии ҳарду ҷумҳурӣ таъсир мерасонанд, аз қабили бемориҳои эҳтимолии эпидемиявӣ, таҳияи усулҳои ташхис, таҳияи доруҳои самараноки шифобахши растанӣ, ошкор ва идоракунии ифлосшавии муҳити зист, манбаъҳои энергияи «сабз» ва барқароршаванда тавассути таҳқиқоти пешрафта дар биотехнология ва муҳандисии генетикӣ мебошад.

Инчунин санад ҳамкории ҷонибҳоро дар лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ дар соҳаҳои афзалиятноки биотехнология, мубодилаи олимон ва аспирантҳо, машваратҳои якҷоя, машғулияти кӯтоҳмуддати таълимӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои интиқоли технология ва тиҷорат ва ғайра ба танзим медарорад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт