Байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кумакҳои Шоҳ Салмон оид ба татбиқи лоиҳаи «Сабади озуқаворӣ-2025» Созишнома ба имзо расид

Январь 22, 2025 09:09

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон лоиҳаи «Сабади озуқаворӣ-2025» барои оилаҳои ниёзмандро татбиқ менамояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон иттилоъ дод.

Дипломати саудӣ афзуд, ки чунин кумакҳо давоми даҳсолаҳо аз ҷониби шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон, аз ҷумла соли 2025 ба шаҳрвандони 25 кишвари ҷаҳон расонида мешаванд. Сабади озуқавории солонаи шоҳ Салмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 7 ҳазору 120 оилаи камбизоат, ки дар онҳо 4-6 нафар зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ шудааст, ки дар маҷмуъ 35 ҳазор нафарро ташкил дода, онҳо бо сабади ғизо таъмин мешаванд. Сабади озуқаворӣ аз орд, биринҷ, равғани растанӣ, шакар, макарон ва зироати лӯбиёӣ иборат мебошад. Вазни ҳар сабади озуқа 69,5 кг ва дар маҷмуъ беш аз 490 тоннаро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти озуқаворӣ аз бозорҳои дохили Тоҷикистон харидорӣ гардида, баъдан бо мусоидати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бастубанд мегардад ва ба ниёзмандон расонида мешавад. Маблағи

умумии барои татбиқи ин тарҳ ҷудошуда 400 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки амалӣ намудани ташаббуси «Сабади озуқаворӣ-2025» бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Дар ин замина дар Душанбе байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кумакҳои Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ Созишнома ба имзо расид.

Маркази имдод ва кумакҳои шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ аз соли 2015 инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар ин муддат 27 лоиҳаро ба маблағи 16,1 миллион доллар дар соҳаҳои тандурустӣ, объёрӣ, амнияти ғизоӣ, сарпаноҳсозӣ ва ғайра дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон татбиқ намудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2025 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад