Байни шаҳрҳои Тошканд ва Хуҷанд ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ тақвият дода мешавад
ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки охири моҳи феврали соли равон намояндагони Ҳукумати шаҳри Тошканд ҳамроҳ бо роҳбарони марказҳои сайёҳии Тошканд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо иконияти сайёҳии шаҳр шинос шаванд. Ин нукта дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини ҳокими шаҳри Тошканд Санҷар Тоҷиев иброз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.
Ҳамзамон муовини ҳокими шаҳри Тошканд пешниҳод кард, ки онҳо барои вусъати ҳамкорӣ омода буда, мехоҳанд бо шаҳри Хуҷанд низ робитаи дӯстӣ барқарор намуда, бо марказҳои сайёҳии он шинос шаванд. Дар ин самт ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва зиёд кардани теъдоди сайёҳон ба шаҳрҳои Тошканд ва Душанбе изҳори назар карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад






