БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар деҳаи дурдасти Кӯҳони шаҳри Ҳисор бинои мактаби нав сохта мешавад

Январь 14, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кӯҳони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор таҳкурсии бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 гузошта шуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, ки дар маросими гузоштани санги асоси бинои мактаби нав иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода иброз дошт, ки сохтмони иншоот тез ба анҷом расида, устодону шогирдони муассиса соли нави таҳсили 2025-2026-ро дар бинои нав оғоз мекунанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бино гуфта шуд, ки бинои мактаби нав дуошёна буда, бо 9 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ барои 360 хонанда дар ду баст сохта мешавад. Сохтмончиён иқдом гирифтаанд, ки дар шафати мактаб бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта, дар як вақт мавриди истифода қарор диҳанд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки ба сифати масолеҳи сохтмон ва намои зоҳирию дохилии ҳарду иншоот диққат диҳанд, то сокинони деҳа солҳои зиёд аз он истифода баранд.

Ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39, воқеъ дар деҳаи Шоҳони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ рафта, бо бинои иловагие, ки дар назди ин муассиса сохтмонаш нотамом мондааст, шинос шуданд.  Масъулини ҷамоат, шуъбаи маориф ва роҳбарияти муассиса вазифадор шуданд, ки  сохтмонро идома дода, биноро дар муҳлати муайяншуда ба истифода супоранд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки «бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Яъне, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 14, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»