БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад

Январь 18, 2025 12:00

ХОРУҒ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуд. Дар айни замон аз ҷониби коргарону мутахассисони ватанӣ охирин корҳои бунёдӣ дар сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо, хати обгузар ва 4 километр роҳи мошингузар идома доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Зимни суҳбат бо мутахассисон ва коргарони ин неругоҳ Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба рушди энергетика таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат  баён доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин кардани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳама имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди энергияи «сабз» мунтазам ҷораҷӯӣ менамояд.

Ҳоло сохтмони Неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома дорад. Пешвои миллат  таъкид доштанд,  ки соли равон бунёди ин неругоҳ бо тавоноии 11 мегаватт ба  анҷом расонида мешавад. Роҳбари давлат  барои таваҷҷуҳ ва ҳамкорӣ ба ҳама созмонҳои байналмилии молиявӣ ва шарикони рушд минатдории мардуми Тоҷикистонро расонида, баён доштанд,  ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.

Баъди бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» иқтиқдори  умумии ширкати «Помирэнерҷӣ» низ 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят чанд маротиба беҳтар мегардад.

Лоиҳаи бунёди ин неругоҳ аз дигар неругоҳҳои хурд аз ҳар ҷиҳат фарқ дошта, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи ҷаҳон низ мақоми хосса дорад. Яке аз хусусият ин лоиҳа он аст, ки дар баробари бунёди неругоҳ ҳамзамон сохтмони дигар инфрасохтори зарурӣ ва таҷдиди қитъаи чоркилометраи роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Неругоҳи «Себзор» ҳамчунин барои мутахассисону коргарони ватанӣ мактаби хуби такмили ихтисос мебошад ва он таҷрибаеро, ки онҳо дар ин сохтмон ба даст оварданд, минбаъд метавонанд дар сохтмони дигар неругоҳҳои хурди барқӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ  истифода баранд. Ҳайати мутахассисон ва коргарони одӣ таҷрибаи кофӣ дошта, бо муваффақият корҳои муҳими бандубасти қисмҳои оҳану бетониро анҷом медиҳанд. Корҳои сохтмонӣ зери назорати мутахассисони Ширкати «Помирэнерҷӣ» ва мушовирони хориҷӣ қарор дошта, корҳои асосиро Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷикгидроэлекторомантаж» ба анҷом мерасонад.

Вазири энергетика ва захираҳои об баъди шиносоӣ бо Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар  мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ин ноҳия бо сокинон ва фаъолони ҷомеа мулоқот намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 18, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд