БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
ХОРУҒ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуд. Дар айни замон аз ҷониби коргарону мутахассисони ватанӣ охирин корҳои бунёдӣ дар сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо, хати обгузар ва 4 километр роҳи мошингузар идома доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Зимни суҳбат бо мутахассисон ва коргарони ин неругоҳ Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди энергетика таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат баён доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин кардани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳама имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди энергияи «сабз» мунтазам ҷораҷӯӣ менамояд.
Ҳоло сохтмони Неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома дорад. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки соли равон бунёди ин неругоҳ бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Роҳбари давлат барои таваҷҷуҳ ва ҳамкорӣ ба ҳама созмонҳои байналмилии молиявӣ ва шарикони рушд минатдории мардуми Тоҷикистонро расонида, баён доштанд, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
Баъди бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» иқтиқдори умумии ширкати «Помирэнерҷӣ» низ 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят чанд маротиба беҳтар мегардад.
Лоиҳаи бунёди ин неругоҳ аз дигар неругоҳҳои хурд аз ҳар ҷиҳат фарқ дошта, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи ҷаҳон низ мақоми хосса дорад. Яке аз хусусият ин лоиҳа он аст, ки дар баробари бунёди неругоҳ ҳамзамон сохтмони дигар инфрасохтори зарурӣ ва таҷдиди қитъаи чоркилометраи роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Неругоҳи «Себзор» ҳамчунин барои мутахассисону коргарони ватанӣ мактаби хуби такмили ихтисос мебошад ва он таҷрибаеро, ки онҳо дар ин сохтмон ба даст оварданд, минбаъд метавонанд дар сохтмони дигар неругоҳҳои хурди барқӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ истифода баранд. Ҳайати мутахассисон ва коргарони одӣ таҷрибаи кофӣ дошта, бо муваффақият корҳои муҳими бандубасти қисмҳои оҳану бетониро анҷом медиҳанд. Корҳои сохтмонӣ зери назорати мутахассисони Ширкати «Помирэнерҷӣ» ва мушовирони хориҷӣ қарор дошта, корҳои асосиро Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷикгидроэлекторомантаж» ба анҷом мерасонад.
Вазири энергетика ва захираҳои об баъди шиносоӣ бо Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ин ноҳия бо сокинон ва фаъолони ҷомеа мулоқот намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд






