БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар шаҳри Панҷакент 4 бинои нави мактаб ва 1 кӯдакистон сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси олӣ баён доштанд, дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сохтмони кӯдакистон идома дорад, ки дар он 300 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи маориф, вазъи таҳсил дар мактабҳо ва тарбия дар муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».
«Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, барои ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд», -дастуру супориш доданд Президенти Тоҷикистон.
Бо ин мақсад дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115 барои 800 хонанда, дар деҳаи Озодагони деҳоти Хурмӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, дар деҳаи Чинори Ҷамоати деҳоти Чинор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, дар деҳаи Косатароши деҳоти Косатарош бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №123 бунёд гардида, дар онҳо барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Роҳбарияти вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супориш доданд.
Ҳамзамон дастур дода шуд, ки ба таълиму тарбияи хонандагон ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо, инчунин соҳиби касбу ҳунар гардонидани хонандагон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд






