БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар шаҳри Панҷакент 4 бинои нави мактаб ва 1 кӯдакистон сохта мешавад

Январь 26, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси олӣ баён доштанд,  дар деҳаи Навободи  Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент  сохтмони кӯдакистон идома дорад, ки дар он 300 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи маориф, вазъи таҳсил дар мактабҳо ва тарбия дар муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».

«Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, барои ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд», -дастуру супориш  доданд Президенти Тоҷикистон.

Бо ин мақсад дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115 барои 800 хонанда, дар деҳаи Озодагони деҳоти Хурмӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, дар деҳаи Чинори Ҷамоати деҳоти Чинор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, дар деҳаи Косатароши деҳоти Косатарош бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №123 бунёд гардида, дар онҳо барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Роҳбарияти вилояти Суғд  зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супориш доданд.

Ҳамзамон дастур дода шуд, ки ба таълиму тарбияи хонандагон ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо, инчунин соҳиби касбу ҳунар гардонидани хонандагон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 26, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид