Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?

Январь 11, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд. Ин аз он сабаб аст, ки системаи муҳофизатии бадани кӯдакон ҳанӯз комилан рушд наёфтааст. Онҳо дар мактабҳо, боғчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ҳамсолони худ бештар дар иртибот ҳастанд, ки ин ҳолат паҳншавии вирусро афзоиш медиҳад. Инчунин омили дигар- ин риоя накардани қоидаҳои тарзи ҳаёти солим мебошад. Чунин иброз намуд табиби сироятшинос Ҳомид Ҳомидзода.

Зуком бемории вирусӣ буда, сироят ёфтан аз он хеле осон аст, махсусан дар кӯдакони синну соли аз як то сесола он бештар ба мушоҳида мерасад. Манбаи сирояти вирус шахси бемор мебошад. Он бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, ҳангоми атса задан, сулфидан ва ҳатто суҳбат кардан аз шахси бемор ва одамони солими атрофаш ба кӯдакони хурдсол гузашта метавонад. Кӯдаконе, ки нишонаҳои зуком доранд, бояд як муддат ба боғча ё мактаб нарафта, дар хона нигоҳ дошта шаванд.

Барои пешгирии зуком ҳавои хонаро мунтазам тоза нигоҳ бояд дошт. Дар фасли сард кӯдакон бояд мувофиқи ҳаво либос пӯшанд. Аз сармо муҳофизат кардани кӯдакон тавассути сарпӯшҳо, дастпӯшҳо ва пойафзоли гарм муҳим аст. Ваксинаи зидди зуком усули самаранок барои пешгирии беморӣ мебошад. Он иммунитети кӯдакро бар зидди намудҳои маъмултари вирусҳои зуком ташаккул медиҳад. Инчунин таъмини кӯдакон бо ғизои бой аз витаминҳо (A, C, D, E) ва минералҳо барои қавӣ гардонидани системаи муҳофизатӣ хеле муҳим мебошад.
Барои кӯдакон вақти муайяни хоб ҷудо гардидааст, яъне дар як шабонарӯз онҳо бояд аз 9 то 12 соат хоб раванд.  Ба фарзандони худ омӯзонед, ки пеш аз хӯрокхӯрӣ ва пас аз рафтан ба ҳоҷатхона дастони худро бо собун шӯянд.

Нишонаҳои ин беморӣ дар кӯдакон таб, сулфа ё обравии бинӣ ва беиштиҳоӣ мебошад.  Инчунин дар кӯдакони то яксола зуком метавонад боиси дарди сар, дарди шадид ва сихзании чашмон, гум шудани иштиҳо, дигар шудани ранги рӯй ва сафедчатоб шудани пӯсти кӯдак, маҳкам шудани бинӣ, дарди гулӯ, сулфаи хушк, намакидани пистони модар ва нооромӣ, бехобӣ ва гирёнчак шудани онҳо гардад.

Ҳангоми бепарвоӣ зоҳир намудан ва сари вақт табобат накардани зуком кӯдакон ба оризаҳои дигар гирифтор мешаванд. Бештари кӯдакон бар асари зуком ба шамолкашии шадиди шуш ва узвҳои дигари роҳҳои нафас-бронхит ва пневмония гирифтор мешаванд, ки табобаташон нисбат ба зуком хеле душвор ва тӯлонитар аст. Зуком метавонад ҳамчунин боиси ба отит (шамолкашии узви шунавоӣ) ва гайморит гирифтор шудани тифлакон бигардад. Мубтало гаштан ба зуком ҳатто ба дил низ зарар дошта, кӯдакро ба миокардит гирифтор карда метавонад. Бар асари зуком мағзи сар низ метавонад осеб дида, тифл ба илтиҳоби мағзӣ ва дигар бемориҳои системаи асаб гирифтор шавад.

Ҳомид Ҳомидзода иброз намуд, ки бештари волидайн ҳангоми нишонаҳои зуком худсарона ва бе тавсияи табиб аз дорухонаҳо дору харида, кӯдаконашонро табобат мекунанд ё аз табобати бемори дигар истифода мебаранд. Дар ин ҳолат оризаҳои дигар ба амал меоянд.

Бояд ба маслиҳатҳои табиб бо диққат гӯш дода, тавсияҳояшро иҷро намоед. Дорую давои таъйинкардаи табибро дар вақту соати муайян ба кӯдак хӯронед, агар сӯзандору фармуда бошад, онро бе таъхир гузаронед.  Кӯдак бояд реҷаи бистариро риоя кунад.  Ба тифлак ба миқдори зарурӣ чой ва оби гарм диҳед, то ҷисмаш ба зудӣ тоза шавад.  Агар тифлак хӯрок хӯрдан нахоҳад, ӯро маҷбур накунед. Ҳангоми гирифтор шудан ба зуком иштиҳо гум мешавад, вале ба кӯдаки бемор кам-кам хӯрокҳои сабук додан зарур аст, то рӯдаҳояш холӣ намонанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 11, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»