Дар Академияи идоракунии давлатӣ вобаста ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси масъалаҳои рақамикунонӣ, инноватсия ва беҳтар гардонидани сифати таълим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз дошт, ки «баргузор намудани чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нишонаи ташаккул ва рушди илми тоҷик дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. Таклифу пешниҳодҳои олимону муҳаққиқон вобаста ба самтҳои гуногуни хоҷагии халқ барои татбиқи илм дар истеҳсолот заминаи мусоид ба амал меоранд».
Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои муҳиме, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ин гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад. Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Ин иқдом саривақтӣ буда, дар самти рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва рушди инноватсия нақши муассир дорад.
Дар ҳамоиш доир ба ҷиҳатҳои мусбати технологияҳои рақамӣ дар раванди таҳсил, нақши рақамикунонӣ ва инноватсия дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, татбиқи технологияҳои мобилӣ дар омӯзиши забонҳои барномасозӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷаҳони муосир, таҳсилоти рақамӣ ва омодасозии кадрҳо дар шароити Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
Иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир раванди рақамикунонӣ соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиро фаро гирифта, ба таъмини ҳамкории мутақобили ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






