Дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон иқтидори энергетикии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Январь 18, 2025 15:06

ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/ Тибқи таҳлилҳо, иқтидори аз лиҳози иқтисодӣ асосноки офтобӣ дар Тоҷикистон 369 600 МВт ва бодӣ 4 485 МВт-ро ташкил медиҳад. Ин нуктаро  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 16 январ дар  Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иброз дошт.

Ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Далер Ҷумъа  аз захираи бузурги гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки мамлакати мо ҳамзамон дорои захираҳои бузурги энергияи офтобӣ ва бодӣ низ мебошад, ки то кунун истифода нашудаанд.

«Дар ин замина иштироки ширкатҳои эронӣ дар самти бунёд ва баҳрабардории неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, неругоҳҳои захиракунандаи об, ҳамзамон неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон ба манфиати кори ҷонибҳо дониста мешавад», — афзуд Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон 16 январ бо муколамаи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо оғоз ёфт. Дар он доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон маҷмуи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Эронро  баррасӣ намуданд.       

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон

Январь 18, 2025 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд