Дар Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиш доир гардид

Январь 14, 2025 11:23

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳисобида, ҳалли масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумат муайян намудаанд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоиши низоми бонкии мамлакат зери шиори «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ», ки бо ташаббуси Шурои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҳадафи ин ҷамъомад ифодаи мавқеи устувори ҷавонон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат мебошад. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз кунанд, амнияти давлат ва шарафи Ватанро ҳимоя намуда, парчамбардори ин сарзамин ва давлати муқаддас бошанд.

Зимнан ёдовар мешавем, ки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳама маҳфилу чорабиниҳое, ки баргузор мегарданд, ҳамеша ҷавононро даъват мекунанд, ки аз таъсири мафкураи бегонапарастӣ ва ифротгароӣ канораҷӯйӣ карда, бо ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳӣ барои шукуфоии сарзамини худ хизмат намоянд.

Имрӯз мутахассисони ҷавони аз илму донишҳои замонавӣ бохабар дар низоми бонкӣ зиёд фаъолият доранд. Саҳми онҳо дар муаррифию пешниҳоди маҳсулоти инноватсионии молиявӣ, аз қабили пардохтҳои мобилӣ, ҳамёнҳои рақамӣ, платформаҳои сармоягузорӣ ва дар маҷмуъ рақамикунонии иқтисодиёт муҳим арзёбӣ мегардад.

Тавре Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд, зарур аст, ки ташаббусҳои созандаи ҷавонон минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ карда шаванд. Аз ин рӯ, ташкилоти қарзии молиявиро зарур аст, ки бо мақсади пешбурду татбиқи навовариҳо барои ҷавонон шароити мусоид эҷод кунанд, зеро дастгирии ҷавонон метавонад ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди устувори тамоми соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкӣ мусоидат намояд.

Гуфта шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа якчанд барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонони Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки ин ҳама бозгӯи таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон мебошад.

Дар ҳамоиш вобаста ба мавзуъҳои «Муҳиммияти саводнокии молиявӣ барои ҷавонон», «Нақши ҶСК «Алиф Бонк» дар пешрафти касбии ҷавонон», «Душанбе Сити Бонк – ҳамқадами ҷавонон дар рушди молиявӣ», «Дастгирии ҷавонони мамлакат дар доираи иқдоми гуногун дар меҳвари таваҷҷуҳи Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ҷавонони фаъол ва пешоҳанги бархе ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби ташаббускорони чорабинӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Инчунин намоиши маҳсулоти бонкӣ ва дастовардҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ташкил ва ба иштирокдорон вобаста ба хизматрасонии молиявӣ маълумот пешниҳод гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Январь 14, 2025 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд
«Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия карда мешавад
Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи сеюм ва ниҳоии барномаи PCI-ро дар Тоҷикистон муваффақона анҷом дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.9020 то 10.9600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2441 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1175 то 0.1178 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2397 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1140 то 0.1147 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9. 2800 то 9.3000сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8228 то 10.9100 сомонӣ муқаррар шудааст
Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид