Дар доираи «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» соҳаи тандурустии Тоҷикистон пурра рақамӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 22.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» дар самти рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи лоиҳа навсозии модулҳои иттилоотии низоми ҳифзи иҷтимоӣ таҳия мегардад.
Ҳамчунин дар доираи ин лоиҳа модули кумакҳои унвонии иҷтимоӣ-бақайдгирии электронии аризаҳои оилаҳои камбизоат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, баҳодиҳии бавоситаи автоматикунонидаи ниёзмандӣ, автоматикунонии ҳисобкунии ҳаҷм ва пардохтҳои молиявӣ, модули ҳисоботдиҳӣ — ҷамъоварӣ, коркард ва ташаккули автоматии ҳисоботи гуногуни ҳама системаҳо, модулҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар самтҳо пурра рақамӣ карда мешавад.
Дар доираи амалисозии «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» барои ташкили рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






