Дар доираи «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» соҳаи тандурустии Тоҷикистон пурра рақамӣ мегардад

Январь 22, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» дар самти рақамикунонии низоми ҳифзи иҷтимоӣ  амалӣ мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи лоиҳа навсозии модулҳои иттилоотии низоми ҳифзи иҷтимоӣ таҳия мегардад.

Ҳамчунин дар доираи  ин лоиҳа модули кумакҳои унвонии иҷтимоӣ-бақайдгирии электронии аризаҳои оилаҳои камбизоат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, баҳодиҳии бавоситаи автоматикунонидаи ниёзмандӣ, автоматикунонии ҳисобкунии ҳаҷм ва пардохтҳои молиявӣ, модули ҳисоботдиҳӣ — ҷамъоварӣ, коркард ва ташаккули автоматии ҳисоботи гуногуни ҳама системаҳо, модулҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар самтҳо пурра рақамӣ карда мешавад.

Дар доираи амалисозии «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» барои ташкили рақамикунонии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад