Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» зимни ҳамоиш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳамоиш дар доираи нақшаи кори идораи корҳои тарбиявӣ ва идеологии донишгоҳ гузаронида шуда, иштирокдорони он доир ба ҷанбаҳои муҳими «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аъмоли он нишони он аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон он таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар сокини сайёра мебошад. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи дин ба хотири ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешавад.
Аз ин рӯ дар донишгоҳ бояд ҳама маводи омодашуда дар раванди дарсҳо мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирад, то донишҷӯён аз хатари фалокатбори терроризм ва экстремизм огоҳ шуда, худ ва дигаронро аз хавфи он нигоҳ доранд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд






