Дар Душанбе ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти гумрук маҷлиси тантанавӣ доир гардид

Январь 22, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 33-солагии таъсиси мақомоти гумруки Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иштирок намуд.

Ба АМИТ «Ховар» дар  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иброз дошт, ки  мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми 33 соли фаъолият вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад.

Имрӯз мақомоти гумрук ба фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии мамлакат ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумрук дар мамлакат дар оянда чун ниҳоди муҳими таҳкимбахши иқтисодиёти мамлакат дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат намояд.

Дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираю иқтидори молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии мамлакат, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ фаъолияти пурмаҳсулро тақозо менамояд.

Дар ин рӯз фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ карда шуд.

Дар маҷлиси тантанавӣ  ҳамзамон кормандони мақомоти гумрук  барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо нишони «Аълочии мақомоти гумрук», медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук»-и Ҷумҳурии Тоҷикстон ва «Ифтихорнома», «Раҳматнома», рутбаҳои махсуси навбатии хадамоти гумрук ва дигар мукофот сарфароз гардонида шуданд.

 АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд