Дар Душанбе доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд

Январь 3, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 03.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – роҳнамои мо, ҷавонону варзишгарон ба сӯи фардои дурахшон» ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чанд нуктаи муҳимро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ёдрас шуд.

Иброз гардид, ки Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои ҷавонон имконоте фароҳам овардаанд, ки ҳар ҷавон аз онҳо бояд самаранок истифода барад. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ҳар ҷавон бояд дар ободкорию созандагӣ саҳм гузорад. Чуноне ки мебинем, имрӯз ҷавонони хуштолеи мо метавонанд берун аз мамлакат таҳсил ва фаъолият намоянд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳор гардид, «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор кунем ва доимо дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».

Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш доир ба паҳлуҳои дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маърузаҳо шунида шуданд.

Иброз шуд, ки нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ баён мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошанд. Пешвои миллат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон эътимоди комил доранд. Мо бояд бо фаъолияти баланд ва нишон додани натиҷаҳои самаранок сазовори боварии Роҳбари давлатамон гардем.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 3, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа