Дар хатсайри Душанбе — Панҷакент нахустин парвози ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» амалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар хатсайри Душанбе–Панҷакент аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нахустин парвоз амалӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Дар масири Душанбе-Панҷакент ҳавопаймои АН-28 парвоз намуда, 17 мусофир давоми 40-45 дақиқа ба Панҷакент расонида шуданд.
Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» иттилоъ дода буд, ки парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Панҷакент 14 январ фаъол гардонида мешавад. Аммо бо сабаби номусоидии ҳаво парвоз ба таъхир гузошта шуд.
Нархи чипта дар масири Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ буда, парвоз 40-45 дақиқа давом меёбад. Парвоз дар масири Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба- рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бо мусоид омадани ҳаво анҷом дода мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд






