Дар хатсайри Душанбе — Панҷакент нахустин парвози ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» амалӣ гардид

Январь 25, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар хатсайри Душанбе–Панҷакент аз ҷониби  ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» нахустин парвоз амалӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Дар масири  Душанбе-Панҷакент ҳавопаймои АН-28 парвоз намуда, 17 мусофир давоми 40-45 дақиқа  ба Панҷакент расонида шуданд.

Қаблан ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» иттилоъ дода буд, ки парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Панҷакент 14 январ фаъол гардонида мешавад. Аммо бо сабаби номусоидии   ҳаво парвоз ба таъхир гузошта шуд.

Нархи чипта дар масири  Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ буда, парвоз 40-45 дақиқа давом меёбад. Парвоз дар масири  Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба- рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе бо мусоид омадани ҳаво анҷом дода мешавад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Январь 25, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истиқлол корхонаи нави металлургӣ сохта мешавад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи нави коркарди партов бунёд мегардад
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «Gulfood»-и Дубай ба намоиш гузошта мешаванд
Соли 2024 аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 75 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
Дар Тоҷикистон дар се соли охир 200 ширкати сайёҳӣ ба фаъолият оғоз намуд
ЯХОБМОНӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН. Кишоварзон тавассути ин тадбири агротехникӣ метавонанд ҳосили баланди зироат ба даст оранд
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир тавсеа меёбад
ИСТИФОДАИ ТАХОГРАФҲОИ РАҚАМӢ. Азим Иброҳим ва Умберто де Претто масъалаи гузаштан ба онро баррасӣ карданд
Ширкатҳои саноати нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи бузурги ҷаҳонии «Bharat Tex-2025»-и Ҳиндустон иштирок доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Варзоб 4 корхонаи нав ба истифода дода шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Соли 2024 92,4 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 30,4 миллиард сомонӣ анҷом дода шуд»
Дар Женева масъалаи ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар самти нақлиёту логистика баррасӣ шуд

Маводҳои таҳлилӣ