Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид

Январь 21, 2025 09:17

СУҒД, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 48 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва 966 ҷойи кор бо ҷалби 36,5 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта, ба истифода дода шуд. Бо ин миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 306 адад расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2024 иттилоъ дода шуд, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда саҳми устувор мегузорад.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида соли 2024 ба 2 миллиарду 30,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  119,3 миллион сомонӣ ё 8,3 дар сад зиёд аст. Аз ин миқдор ба маблағи 416 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  19,9 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 105 фоизро ташкил намуд, ки барои рушду такомули ин соҳаи воқеии иқтисодиёт заминаи устувор мегузорад.

Дар ин давра шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида зиёд шуда, аз ҷониби 110 корхонаи хурду калон ба маблағи 894 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   81,1 миллион сомонӣ зиёд буда, 110 фоизро ташкил намуд.

Шумораи корхонаҳои маҳсулот истеҳсолкунанда 32 адад зиёд гардида, теъдоди онҳо ба 239 адад расонида шуд. Аз шумораи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда 113 номгӯй нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёда аз 100 фоиз таъмин шудааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси  шаҳри Хуҷанд

Январь 21, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон ба 42,5 миллиард сомонӣ баробар шуд
Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад
Рӯзи Президенти Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор меравад