Дар Истаравшан Озмуни шаҳрии «Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва хонаи истиқоматӣ» натиҷагирӣ гардид
СУҒД, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан Озмуни шаҳрии «Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла, кӯча ва хонаи истиқоматӣ», ки соли 2024 баргузор шуд, ҷамъбаст гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад, озмун аз рӯи 8 номинатсия баргузор шуда, ғолибон муайян гардиданд.
Дар натиҷаи хулосаи ҳакамони озмун Ҷамоати деҳоти «Зарҳалол» — «Беҳтарин ҷамоати деҳот дар соли 2024», Шаҳраки «Курушкада» — «Беҳтарин шаҳрак дар соли 2024», Кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат» — «Беҳтарин маҳалла дар соли 2024», деҳаи Чорбоғи деҳоти «Чорбоғ»- «Беҳтарин деҳа дар соли 2024», кӯчаи ба номи «Боғи Ирам»-и деҳоти «Сабристон» — «Беҳтарин кӯча дар соли 2024», хонаи Ҳамдамовҳо аз деҳоти «Гули сурх» — «Беҳтарин хонаи истиқоматӣ дар соли 2024», сокинони деҳаи Ниҷонии деҳоти «Ниҷонӣ» — «Беҳтарин ҳашарчиёни дастҷамъона дар соли 2024», сокинони деҳоти «Ниҷонӣ» — «Беҳтарин иштирокчиёни чорабиниҳои оммавӣ дар соли 2024» дониста шуданд.
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






